Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меравад
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон эълом кард, аз ин пас кишвараш ва Тоҷикистон монанди ду ҳамсояи хуб бо якдигар хоҳанд буд, “чун ҳеч ҳамсоя бадии касеро баъди маргш намебахшад”.
Ба иттилои манобеи тоҷик, Мирзиёев рӯзи 5 январ дар иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи вилояти Тошканд гуфт, иртиботи роҳи оҳан ва хатҳои интиқоли барқ байни Узбакистону Тоҷикистон барқарор карда хоҳанд шуд.
Мирзиёев ҳамчунин хабар дод, ки сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов барои таҳияи ин созишномаҳо ва омода кардани сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон меравад:
Маълум нест, ки сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон кай доир мешавад. Аммо мақомоти Душанбе чанде пеш иттилоъ доданд, ки ин боздид мумкин аст, авоили соли 2018 сурат бигирад.