Ҷамъоварии имзо барои Дилшод Назаров
Дар Тоҷикистон даҳҳо нафар хостори он шудаанд, ки ба Дилшод Назаров-барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро, унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.
Дар ҳоли ҳозир ҷамъоварии имзо дар шабакаи интернет барои таҳвили расмии муроҷеъатнома унвонии РҶТ бо дархости додани ин унвони олии давлатӣ ба Дилшод Назаров идома дорад. Ҷонибдорони ин пешниҳод мегӯянд, ки Дилшод Назаров барои нахустинбор дар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон барои ин кишвар медали тиллоии бозиҳои олимиро ба даст овард.
Саъдии Юсуфӣ таҳлилгари умури сиёсӣ зимни ҳимоят аз пешниҳоди додани унвони қаҳрамон ба Дилшод Назаров гуфт, ки доштани қаҳрамони миллӣ аз асраи варзиш барои рушди вазишкорӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Аз сӯи дигар Хоҷаи Маҳмуд коршиноси тоҷик мегуд, ки пирӯзии Дилшод Назаров дар бозиҳои олимпӣ нуфузи Тоҷикистонро дар асари байналмилалӣ аз нигоҳ мусбат боло бурда, сарфи назар аз унвонҳои расмӣ Дилшод Назаров алакай дар чашми мардуми кишвараш қаҳрамон аст.
Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон шаш нафар - Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури ин кишвар, унвони қаҳрамони Тоҷикистонро доранд.
Гуфтанист медали Дилшод Назаров чаҳорумин медалии олимӣ ва аммо нахустин медали тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ маҳсуб мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров, гуразндози маъруфи тоҷик, рӯзи 20 август дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро бо партоби гурз ба масофаи 78,68 метр барандаи медали тилло шуд.
Медалии тилоии Дилшод Назаров дар бозиҳои олимпии Рио бо шодӣ ва истиқболи бесобиқаи мардуми Тоҷикистон ру ба ру гардида, тайи рузҳои ахир мавзуъи меҳварии саҳфаи корбарони тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.
Дилшод Назаров барандаи чандин мусобиқоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ буда, устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон аст.
Дар баробари ин Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон буда, инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.