Январ 08, 2018 17:13 Asia/Dushanbe
  • Душанбе барои роҳандозии парвози мустақим бо Ереван омода мешавад

Созмони ҳавопаймои Тоҷикистон аз омодагии кишвар барои парвози мустақим байни Душанбе ба Ереван хабар дод.

Ба нақл аз Форс, дар ростои ин амр мақомҳои тоҷик муваззаф шуданд, тамоми иқдомоти лозимро анҷом диҳанд ва Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ иттилооти лозимро табодул кунад.

Дар сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Арманистон дар июни сол гузашта ва дидори вай бо ҳамтои армании худ, тарафайн дар мавриди барқарори парвози мустақим миёни пойтахтҳои ду кишвар ба тавофуқ расиданд.