Август 23, 2016 09:28 Asia/Dushanbe
  • Иллати нокомии варзишкорони тоҷик дар бозиҳои Олимпии

Мурабии шоистаи Русия ва устоди Комроншоҳи Устопириён, ҷудокори тоҷик дар бозиҳои Олимпии "Рио-2016", иллати умдаи нокомии варзишкорони Тоҷикистон дар ин мусобиқотро набуди мураббиёни ҳирфаӣ ва мушкилоти молӣ эълом кард.

Ба гузориши "Азия плюс", Владимир Елчанинов гуфтааст, ки иллати умдаи нокомии ҷудокорони тоҷик дар бозиҳои Олимпии "Рио-2016" надоштани мураббиёни ҳирфаӣ ва камбуди манобеи молӣ аст.

Аз дидгоҳи вай, пойин будани сатҳи дониши мураббиёни тоҷикистонӣ муҷиб шуд то варзишкорони ҷавони тоҷик натавонанд аз омодагии комил барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ бархурдор шаванд.

Ин мураббӣ дуввумин иллати нокомии варзишкорони тоҷик дар бозиҳои Олимпии "Рио-2016" -ро камбуди манобеи молӣ медонад. Зеро барои омодасозии Комроншоҳи Устопириён тайи ду соли ахир Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ва Наврӯз Валиев, масъули Бонки миллии Тоҷикистон кӯмаки молӣ мекарданд.

Вай афзуд, замоне ки мегӯянд Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон ба варзишкорони ин кишвар кӯмаки молӣ мекунад, хандадор аст, зеро ки ин кӯмакҳоро Кумитаи байналмилалии Олимпӣ ба кумитаҳои миллии кишварҳо ихтисос медиҳад ва ин манобеъ дар ихтиёри варзишкорон қарор мегирад ва иртиботе бо ниҳодҳои милли олимпӣ надорад.

Вай муътақид аст, ки барои омодасозии комили як варзишкор баҳри ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ ниёз ба 30 то 40 ҳазор доллар сармоягузорӣ вуҷуд дорад, ки дар Тоҷикистон таъмини ин ҳазинаҳо имконпазир нест.

Аз 7 варзишкори тоҷикистонии ширкаткунанда дар бозиҳои Олимпии "Рио-2016" танҳо Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик медали тилло гирифт.