Январ 11, 2018 11:43 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шаҳрванди тоҷикистонии ошиқи мусобиқоти ронандагӣ

Полиси шаҳри Маскав як шаҳрванди тоҷикистониро, ки аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шуда, вале ба хотири алоқамандӣ ба мусобиқоти шабона, гувоҳиномаи ронандагӣ ба номи фарди дигаре дуруст карда буд, барои бори дувум боздошт кард.

Ба гузориши шабака телевизионии “РЕН ТВ”, Абдулваҳҳоб Маҷидови 24 сола ва сокини Маскав, ки шаби ҳаштуми январ дар пайи як тасодуф дар шаҳри Маскав боздошт шудааст, муттаҳам ба нодида гирифтани маҳрумияти қаблӣ аз ҳаққи ронандагӣ дар Русия ва дуруст кардани гувоҳиномаи ронандагӣ ба номи фарди дигаре дар Тоҷикистон аст.

Додгоҳи Маскав дар 22-юми майи соли 2016 Абдулваҳҳоб Маҷидовро ба ҳамроҳи теъдоде аз фарзандони мақомҳои аршади ширкати нафтии “Лукойл” боздошт карда буд.

Ин афрод, ки дар мусобиқоти шабонаи ронандагӣ дар пойтахти Русия ширкат, вале аз фармони исти полис сарпечӣ ва фирор карда буданд, аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум ва ба корҳои иҷборӣ маҳкум шуданд.

Дар айни ҳол Маҷидов бо бозгашт ба Тоҷикистон, ба номи фарди дигаре барои худ гувоҳиномаи ронандагӣ дуруст кард ва дубора вориди Русия шуд.

Мақомҳои полиси Русия мегӯянд, дар пайи як тасодуф дар Маскав муваффақ ба шиносоии ин шаҳрванди тоҷикистонии сокини Маскав, ки гувоҳиномаи ронандагии вай ба номи фарди дигаре буд, шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир парвандаи мушорикати ин шаҳрванди Тоҷикистон дар мусобиқоти ронандагии шабона дар Маскав, ки аз ҳаққи ронандагӣ дар ин шаҳр маҳрум буд, дубора баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, ба эҳтимоли зиёд додгоҳи Маскав Абдулваҳҳоб Маҷидовро ба иттиҳоми нақзи қонуни маҳрумият аз ронандагӣ ва дуруст кардани гувоҳиномаи ронандагӣ ба номи фарди дигаре дар Тоҷикистон, аз Русия ихроҷ кунад.