Январ 11, 2018 12:54 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи сабти номи довталабони муҳоҷират ба Русия дар Тоҷикистон

Дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати дохилаи Русия дар Душанбе аз таваққуфи сабти номи довталабони муҳоҷират ба Русия дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши “Спутник”, иллати ин тасмим теъдоди ками кормандон ва нотавонии онон дар сабти номи шаҳрвандони тоҷикистонии довталаби муҳоҷират ба Русия унвон шудааст.

 Теъдоди зиёди довталабон ташкили сафи муназзам ва пазириш бар асоси навбатро ғайримумкин кардааст. Бинобар ин аз мутақозиён хоста шудааст, фақат ба сурати телефонӣ то пеш аз зӯҳри рӯзҳои душанбе то панҷшанбеи ҳар ҳафта иқдом ба сабти ном кунанд.

Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки издиҳоми ду ҳазор нафарии тоҷикистониёни мутақозии муҳоҷират ба Русия дар чанд рӯзи қабл дар атрофи дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилаи Русия дар Душанбе бо истифода аз нерӯи полис пароканда шуд.

 Ба гуфтаи масъулони ин дафтар, эҳтимоли он вуҷуд дошт, ки издиҳом ва таҷаммӯи мардум аз нимашаб ба беназмӣ мунҷар ва авзоъ аз контрол хориҷ шавад.

Бо эъломи осонсозии раванди дарёфти тобеияти Русия дар соли 2018, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мушкили бекорӣ мувоҷеҳанд, тасмим доранд барои иштиғол ва иқомати доим ба ҳамроҳи хонаводаҳояшон ба ин кишвар муҳоҷират кунанд.

 Мақомҳои Вазорати дохилаи Русия мегӯянд, аз соли 2000 то кунун 500 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо хонаводаҳои худ ба Русия муҳоҷират карда ва тобеияти ин кишварро ба даст овардаанд.