Январ 13, 2018 11:49 Asia/Dushanbe
  • Тӯлонӣ шудани сохти нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон

Мушкилоти молӣ, ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар вилояти Хатлонро, ки бояд дар соли 2016 ва баъдан дар соли 2017 иттифоқ биафтад, бо таъхир рӯбарӯ кардааст.

Ба гузориши сайти “Авесто”, мудирияти ин минтақаи озоди иқтисодӣ дар баёнияе эълом кардааст, илова бар мушкилоти молӣ акнун мавзӯи зарурати сохти якуним километр шохаи роҳи оҳан низ ба ин полоишгоҳ матраҳ аст, ки заминаи иттисоли ин минтақа ба масири Қӯрғонтеппа - Кӯлобро фароҳам месозад.

Аз ин рӯ, ширкати чинии муҷрии тарҳи сохти нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара бо пажӯҳишгоҳи роҳсозии Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон дар ҳоли музокира аст то асноди фаннии ин роҳи оҳанро таҳия кунад.

Аммо мудирияти минтақаи озоди иқтисодии Данғара эълом кардааст, дар бораи таърихи дақиқи ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар ин минтақа наметавонад ибрози назар кунад.

Бар асоси барнома қарор буд ширкати чинии муҷрии сохти нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон то 9 –уми сентябри соли 2016 ва солгарди истиқлоли ин кишвар, марҳалаи нахусти ин полоишгоҳро ба баҳрабардорӣ расонд.

Бо ин ҳол, ин замон баъдҳо ба моҳи март ва сипас июни соли 2017 ба таъхир гузошта шуд, аммо бо наздик шудан ба поёни соли қабл низ имкони баҳрабардорӣ аз ин полоишгоҳ фароҳам нашуд. Иллати ин таъхир ҳар бор таъмин нашудани эътибороти мавриди ниёзи ширкати чинии муҷрии тарҳ эълом шудааст, ки бояд “Агроинвестбонк” таъмин кунад.

Бо ифтитоҳи марҳалаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлони Тоҷикистон заминаи тасфияи 500 ҳазор тон нафт дар сол фароҳам хоҳад шуд ва бо такмили он Тоҷикистон метавонад солона як миллион тон нафти хомро дар ин полоишгоҳ тасфия кунад.

Тарафи чинӣ барои сохти ин полоишгоҳ 450 миллион доллар ихтисос додааст.