Январ 13, 2018 12:32 Asia/Dushanbe
  • Содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Қатар - ба зудӣ

Тоҷикистон ва Қатар имкони мавзӯи содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Қатарро баррасӣ карданд.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидори Хусрав Соҳибзода, сафири ин кишвар дар Қатар бо Муҳаммад Абдуллоҳ Аррамеҳӣ, вазири тавсеаи шаҳрӣ ва муҳити зисти Қатар, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои кишоварзӣ ва амнияти ғизоӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Эҷоди ширкатҳо ва саноеи муштарак дар заминаи фароварии маҳсулоти кишоварзӣ аз дигар мавзӯоти мавриди баҳс дар ин дидор буд.

 Ду тараф бо таъкид бар тақвияти иртибот байни маҳофили тиҷории ду кишвар дар саноеи кишоварзӣ ва ғизоӣ ва мушорикати онҳо дар намоишгоҳҳои солонаи кишоварзии ду кишвар, изҳор доштанд, дар ояндаи наздик дар бораи ҳамкориҳо дар заминаи кишоварзӣ ва амнияти ғизоӣ байни Тоҷикистон ва Қатар тавофуқи дуҷонибае имзо хоҳад шуд.

Вазорати тавсеаи шаҳрӣ ва муҳити зисти Қатар яке аз бузургтарин вазоратхонаҳои ин кишвар аст, ки вазифаи он иҷрои сиёсатҳои давлат дар заминаи кишоварзӣ ва амнияти ғизоӣ аст.