Январ 15, 2018 14:40 Asia/Dushanbe
  • Корхонаи “Зарафшон” пас аз бозсозӣ ба кори худ идома медиҳад

Ширкати муштараки тоҷикистонӣ ва чинии "Зарафшон", бузургтарин корхонаи тавлидкунандаи тилло дар Тоҷикистон дар ҳоли бозсозӣ аст.

Ба гузориши “Азия Плюс”, Бахтиёр Шарифов, раиси бахши захоири табиӣ ва маодини кӯҳии Вазорати санъати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир корхонаи муштараки тоҷикистонӣ ва чинии "Зарафшон" , дар ҳоли бозсозӣ ва барӯз расонии таҷҳизот худ аст ва дар натиҷаи тавлид ба таври муваққат ба ҳолати таълиқ даромада ва ин корхона дар ояндаи наздик ба кори худ идома медиҳад.

Шарифов бо радди иттилооте дар бораи ин, ки ширкати муштараки тоҷикистонӣ ва чинии "Зарафшон" баста шуда ва коркунони он ба мураххасии бидуни ҳуқуқ фиристода шудаанд, афзуд, ҳеч як аз коркунони "Зарафшон" ба мураххасии бидуни ҳуқуқ фиристода намешванд ва ҳамаи онҳо дар раванди барӯз расонии хатти тавлид ва бозсозӣ ширкат доранд.

Ширкати муштараки тоҷикистонӣ ва чинии "Зарафшон", бузургтарин корхонаи истихроҷи тилло дар Тоҷикистон аст, ки беш аз 70 дарсад аз кулли тиллои тавлидии ин кишвар, саҳми ин ширкат аст. 75 дарсад аз саҳом "Зарафшон" мутааллиқ ба ширкати чинии “ZiJin Mining Group Co.Ltd” ва  25 дарсади боқимонда дар ихтиёри давлати ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ин ширкат дорои бахшҳои мутааддиде аст ва теъдоди коркунони он, ба беш аз 2 ҳазор нафар мерасад.