Январ 16, 2018 09:51 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Маҷлиси Эрон бо муовини раиси Маҷлиси Тоҷикистон+Akc

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон ва Абдулҷаббор Азизӣ, муовини раиси Маҷлиси Тоҷикистон дар ҳошияи сездаҳумин Конфронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Теҳрон бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Ба нақл аз icana, раиси Маҷлиси Эрон дар дидор бо Абдулҷаббор Азизӣ бо ишора ба таҳдидҳои муштараки ду кишвар гуфт, терроризму маводи мухаддир таҳдидҳои муштараки Эрону Тоҷикистон ҳастанд ва ду кишвар боисте бо ҳамкории якдигар ин масоилро ҳал кунанд.

Вай изҳор дошт, лозим аст, ки рӯи тарифҳои гумрукӣ таҷдиди назаре дошта бошем, то амри сармоягузорӣ миёни ду кишвар тасҳил шавад ва барои ин кор ташкили як кумитаи муштарак зарурӣ ба назар мерасад .

Абдулҷаббор Азизӣ, муовини раиси Маҷлиси Тоҷикистон низ Эрону Тоҷикистонро ду кишвари дӯсту бародар донист ва бар алоқамандии кишвараш ба густариши сатҳи равобит бо Эрон таъкид кард .

Вай афзуд, мо ҳамхуну ҳамфарҳанг ҳастем ва ба хотири ҳамин вижагиҳо хеле роҳаттар метавонем дар заминаҳои мухталиф бо якдигар музокироте дошта бошем ва умедворем, ин иҷлос натоиҷи хубе барои ҳамаи кишварҳо дар бар дошта бошад .

Муовини раиси Маҷлиси Тоҷикистон зимни ташаккур аз доктор Лориҷонӣ ба хотири сиёсатҳои муътадилонаи вай гуфт, умедворам, ҳамвора сатҳи муносиботи миёни ду кишвар дар беҳтарин шакл қарор дошта бошаду ҳар рӯз сатҳи равобит иртиқо пайдо кунад .

Вай ибрози умедворӣ кард, ки ҳамаи кишварҳои мусулмону бародар дар канори якдигар ва бидуни ҳеч танише бо ҳам иртибот дошта бошанд .

Сездаҳумин Конфаронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ имрӯз дар Теҳрон оғоз ба кор хоҳад кард .