Беш аз ҳазор маврид таъхири парвозӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе дар соли 2017
Ширкати байналмилалии Фурӯдгоҳи Душанбе аз сабти 1300 мавриди таъхири парвозҳо дар ин фурӯдгоҳ дар соли гузашта хабар дод.
Ба нақл аз Авесто, дар соли 2017 дар ин фурӯдгоҳ ба 1 миллиону 300 ҳазор мусофир хидматрасонӣ шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш аз он, 12,7 дарсад бештар будааст .
Аммо соли 2017 наздик ба 1300 таъхири парвозӣ дар ин фурӯдгоҳ ба сабт расидааст, ки ба авомили мухталифе иртибот доштааст. Ба тавре, ки дар 904 мавриди таъхирҳо, ҳавопаймоҳо натавонистаанд ба мавқеъ парвоз кунанд. 230 мавриди таъхири парвозҳо дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ба далели ноҳамоҳангии миёни ширкатҳои ҳавопаймоӣ иттифоқ афтода ва дар соири маворид низ вазъи номусоиди ҳаво муҷиби таъхир аз Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе шудааст .
Соли 2017 аз мусофирон 1191 маврид шикоят дарёфт шудааст, ки ба 1172 маврид расидагӣ шудааст ва шокиҳо ризоят додаанд .
Таи ин муддат, 2470 тонна бор тавассути ҳавопаймоҳо ҷо ба ҷо шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2016 афзоиши 6,6 дарсадиро нишон медиҳад .