Талоши Мирзиёев барои таъсиси иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки раисҷумҳури Узбакистон барои таъсиси иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ талош мекунад.
Ба нақл аз Азия-Плюс, Иброҳим Усмонов гуфт, барои 2 то 3 соли оянда, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон барои таъсиси иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳадафи бозгардондани ҷойгоҳи раҳбарии ғайрирасмии кишвараш бар ин иттиҳод барномарезӣ кардааст .
Аз дидгоҳи Усмонов, дар ин барнома талош мешавад, то сохторе мушобеҳи Иттиҳоди Аврупо тарсим шавад ба тавре, ки ҷойгоҳи Узбакистон қабл аз фурупошии Шӯравӣ, дар Осиёи Марказӣ дубора барқарор шавад. Ҷойгоҳе, ки акнун дар ихтиёри Қазоқистон қарор дорад .
Тафовути раҳбарии ғайрирасмии Узбакистон бар иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо даврони Шӯравӣ ин хоҳад буд, ки Тошканд иддаои инҳисорталабиро канор хоҳад гузошт ва сирфан ба дунболи тақвияти ҳамгароӣ ва ҳамкориҳои минтақаӣ хоҳад буд .
Усмонов мегӯяд, таи 1 соле, ки Шавкат Мирзиёев қудратро дар даст гирифт, шуҳрату ҷойгоҳи вай дар дохили ин кишвар ва хориҷ ба андозае боло рафтааст, ки муҷиби ҳасади ҳар чеҳраи сиёсӣ дар минтақа мешавад. Интизор меравад, ки вай ояндаи наздик, ибтикороти ҷадиде дар заминаи тақвияти фарҳангу забон ва таваҷҷуҳ ба ақаллиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ нишон бидиҳад .
Мирзиёев барои эътимодсозӣ, коҳиши ихтилофот ва густариши ҳамкориҳо бо 4 кишвари Осиёи Марказӣ гомҳое бардоштааст. Аз ҷумла инки барои нахустин бор бо такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар Тоҷикистон мухолифате накард ва заминаи ҳалли мушкилоти нақлиёт, иттисоли дубораи хутути барқ, поён додан ба раванди аломатгузории марзҳои муштарак ва лағви низоми раводид бо ин кишварро низ фароҳам сохт .