Коҳиши воридоти орду гандум ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i28617-Коҳиши_воридоти_орду_гандум_ба_Тоҷикистон
Ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон дар ростои иҷрои барномаи худкифоӣ ва тақвияти тавлидоти дохилӣ, мизони воридоти орду гандумро аз кишварҳои хориҷӣ коҳиш додаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 17, 2018 12:19 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши воридоти орду гандум ба Тоҷикистон

Ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон дар ростои иҷрои барномаи худкифоӣ ва тақвияти тавлидоти дохилӣ, мизони воридоти орду гандумро аз кишварҳои хориҷӣ коҳиш додаанд.

Бар асоси оморҳои расмӣ тайи соли 2017 беш аз як миллиону 14 ҳазор тон орду гандум ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки дар муқоиса бо соли қабл 19 ҳазору 600 тон камтар аст.

Воридоти орд ҳам дар соли гузаштаи мелодӣ ба танҳоӣ 54 ҳазору 600 тон буд, ки коҳиши 34 ҳазору 200 тоннаӣ нисбат ба соли 2016-ро нишон медиҳад.

Ҳамзамон бо коҳиши воридоти орд ва гандум, давлати Тоҷикистон имтиёзотеро барои афзоиши мизони тавлиди гандум дар дохили кишвар дар назар гирифтааст.

Кишвари Қазоқистон воридкунандаи аслии орд ва гандум ба Тоҷикистон аст.