Январ 18, 2018 13:36 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои амн барои гардишгарӣ

Амрико Тоҷикистонро дар феҳристи кишварҳои амн барои гардишгарӣ қарор дод.

Ба гузориши манобеи хабарии Тоҷикистон, Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои раддаи аввал қарор додааст, ки дар он амнияти шаҳрвандонаш таъмин шудаанд.

Ин ниҳод, ки масъули равобити хориҷии ин кишвар бо давлатҳои дунёст, дар бахши “маршрутҳо барои гардишгарӣ”, кишварҳои дунёро аз назари бехатарӣ ва амният ба чаҳор даста тақсим кардааст.

Радифи чаҳорум кишварҳое ҳастанд, ки Амрико сафар кардани шаҳрвандонашро на танҳо тавсия намекунад, балки ҳушдор додааст, ки ба ин кишварҳо сафар накунанд.

 Кишварҳои ноамне мисли Сомали ва Афғонистон дар ин радиф қарор доранд.

 Радифи севум “сафарро бозбинӣ кунед” ном дорад ва дар ин радда кишварҳое ҷой доранд, ки амният дар онҳо нисбӣ буда ва комилан таъмин нашудааст.

Радифи дувум шомили кишварҳое ҳастанд, ки Департаменти давлатии Амрико аз шаҳрвандонаш хостааст, ҳангоми сафар ба ин кишварҳо ниҳояти эҳтиётро дошта бошанд.

Ҳамакнун аз кишварҳои пасошӯравӣ Украина дар ин радиф қарор дорад.

 Радифи аввал “кишварҳои амн барои гардишгарӣ” ном дорад, ки шомили кишварҳое ҳастанд, ки дар он амнияти шаҳрвандон ва гардишгарони хориҷӣ муҳайёст.

Давлати Тоҷикистон талош мекунад бо истифода аз имконотҳои табиӣ гардишгарони хориҷии бештареро ба самти худ ҷалб кунад. Бад-ин манзур соли гузашта як ниҳоди ҷадид бо номи Кумитаи рушди гардишгарӣ таъсис шуд ва раисиҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018- ро Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом кард.