Январ 20, 2018 10:00 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии бахши тахрибшудаи роҳи оҳан байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Бо оғози амалиёти тармим ва бозсозии бахши тахрибшудаи роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ҳаракати қаторҳо дар ин бахш дубора аз сар гирифта мешавад.

Ба гузориши сайти “ТОП ТҶ”, Анвар Латифзода, сухангӯи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, бозсозии бахше аз қитъаи тахрибшудаи роҳи Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон дар Тоҷикистон ва шаҳри Тирмиз, маркази вилояти Сурхондарё дар Ӯзбакистон, оғоз шудааст.

Вай таъкид кардааст, дар нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, тарафайн дар бораи ҳаракати дубораи қаторҳо дар ин масир ба тавофуқ расиданд ва акнун кори бозсозии бахши тахрибшудаи ин роҳ оғоз шудааст.

Тахриби ин бахш аз роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ки дар соли 2011 аз сӯйи давлати Тошканд вайрон шуд, муҷиби таваққуфи тӯлонии 321 вагон бори Тоҷикистон дар ин масир ва дар натиҷа фосид шудани бархе аз маҳсулот ва колоҳои воридотӣ гашт.

Боқимондаи колоҳо низ тавассути комюнҳо ба вилояти Хатлон мунтақил шуданд.

Тахриби ин масир ҳамчунин муҷиби гаронии қимати маҳсулот дар ҷануби Тоҷикистон ва масдуд шудани масири содироти колоҳои вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар низ шуд.

Бо рӯйи кор омадани давлати Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбакистон, ки сиёсати танишзудоӣ бо кишварҳои ҳамсояро дар пеш гирифта, нишонаҳои беҳбуди равобити Душанбе ва Тошканд қобили мушоҳида аст.

Ин дар ҳолест, ки сухангӯи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, давлати Ӯзбакистон тахфифи 30 то 50 дарсадӣ барои ҳамлу нақли коло ва маҳсулоти тоҷикистонӣ аз тариқи роҳи оҳани худ ироа кардааст.