Барканории ду мақоми додгоҳии Тоҷикистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон
(last modified Sat, 20 Jan 2018 16:48:56 GMT )
Январ 20, 2018 21:48 Asia/Dushanbe
  • Барканории ду мақоми додгоҳии Тоҷикистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо судури фармонҳое, ду мақоми додгоҳии ин кишварро аз кор барканор кард.

Ба гузориши манобеии хабарии тоҷикӣ, дар ин фармонҳо иллати барканории Парвиз Холмуродзода ва Дилшод Искандарзода, риоя накардани қавонин дар баррасии парвандаҳо, эълом шудааст.

Ин ду мақоми барканор шуда, ба унвони қозии додгоҳ дар шаҳристонҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор фаъолият доштананд.

Дар моҳҳои ахир чанд мақоми қазоии дигари Тоҷикистон низ ба иттиҳомоти мушобеҳ  барканор шуданд, ки аз ҷумлаи онон муовини раис ва қозии додгоҳи ноҳияи Ёвон, қозии додгоҳи Нуробод ва раиси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ буданд.

Раиси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ танҳо панҷ моҳ дар ин масъулият боқӣ монд.