Иддаои Додоҷони Атовуллоҳ дар бораи Низомхон Ҷӯраев
Додоҷони Атовуллоҳ аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, иддаои фирори Низомхон Ҷӯраевро дар соли 2014 бо пардохти ришва, матраҳ кардааст.
Ба гузориши сойти “Ахбор”, Додоҷони Атовуллоҳ гуфтааст, Низомхон Ҷӯраев, сармоядор ва фаъоли бахши хусусии Тоҷикистон дар соли 2014 бо пардохти ҳафт миллион доллар ба кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди ин кишвар ва бо кумаки онон бо гузарномаи қирғизистонӣ, фирор кардааст.
Атовуллоҳ барои исботи ин иддаои хеш, сафҳаи нахусти гузарномаи хориҷии қирғизистонии Низомхон Ҷӯраевро мунташир карда ва афзудааст, кормандони Ожонсии давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон пас аз дарёфти дороиҳои Низомхон Ҷӯраев, ӯро бо гузарномаи қирғизистонӣ аз Душанбе ба Бишкек ва сипас аз тариқи шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба Дубай мунтақил кардаанд.
Низомхон Ҷӯраев пас аз ду солу ду моҳ аз замони эъломи таҳти пайгарди қазоӣ қарор доштанаш, дар соли 2014 ба таври ногаҳонӣ дар шаҳри Душанбе пайдо шуд ва ба дархости кормандони Ожонсии давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар, алайҳи Зайд Саидов шаҳодат дод.
Ӯ муддаӣ шуд, ки вазири собиқи саноати Тоҷикистон базӯр корхонаи “Тоҷикатлас”-ро аз ӯ гирифтааст.
Низомхон Ҷӯраев чаҳор сол пас ба таври машкук аз шаҳри Душанбе нопадид шуданаш, ахиран дар Украина дида шуда ва дубора нопадид шудааст.
Наталя Теличко, намояндаи расмии Додситонии кулли Украина гуфтааст, ки Низомхон Ҷӯраев рӯзи 11 январ имсол дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Киев ба далели қарор доштан дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Интерпол боздошт шуда ва рӯзи 13 январи имсол додгоҳи шаҳри Киев ӯро озод кардааст.
Ба гуфтаи намояндаи расмии Додситонии кулли Украина, маълум нест, Низомхон Ҷӯраев дар ҳоли ҳозир куҷо аст.