Январ 23, 2018 10:54 Asia/Dushanbe
  • 2019 ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон

Мақомҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълом кардаанд, ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти кишвар дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар вилояти Хатлон ба эҳтимоли зиёд дар соли 2019 амалӣ хоҳад шуд.

Ба нақл аз сайти вазорат, ин барои панҷумин бор аст, ки ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти кишвар дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара ба таъвиқ меафтад .

Қаблан мушкилоти молӣ ва ба мавқеъ пардохт нашудани ҳазинаи таҷҳизоти мавриди ниёз дар сохти ин полоишгоҳ иллати ақиб афтодани замони баҳрабардорӣ аз ин марказ унвон мешуд .

Аз соли 2016 ба баъд ҳар бор эълом мешуд, ба иллати инки “Агроинвестбонк” наметавонад манобеи молӣ барои хариди таҷҳизоти ин полоишгоҳро таъмин кунад, ифтитоҳи ин марказ ба таъвиқ меафтад .

Завқӣ Завқизода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфтааст, барои фаъолияти ин полоишгоҳ бояд нафти хом захира шавад, ки дар ин замина бо Русияву Эрон дар ҳоли музокира ҳастанд.  

Зафар Аюбов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, аз нигоҳи иқтисодӣ ворид кардани нафти хом кори осоне нахоҳад буд, зеро дар Русия аворизи содироти нафти хом се баробар гаронтар аз қиммати бензин, газолин ва соири фаровардаҳои нафтӣ аст, ки барои полоишгоҳи нафти Тоҷикистон гарон тамом мешавад.

Ширкати чинии TK-oil барои сохти ин полоишгоҳ 450 миллион доллар ихтисос додааст .