Бадрафтории корманди БДА бо бонуи ронандаи тоҷик
Як бонуи тоҷик бо ирсоли номае ба сомонаи Ахбор ба рафтори баду ғайримасъулонаи корманди БДА дар шаҳри Бохтар эътироз кард.
Ба иттилои Ахбор, Баргигул Сафарова гуфт, “вақте назди дарвозаи бозори "Фаровон" қарор гирифт, корманди БДА ба мошинаш наздик шуду рақамҳоямро гирифт, аз ӯ муарифӣ ва сабаби ҳолро пурсидам, аммо ӯ бо нигоҳи назарногиронаву муносибати дағалона ҳатто гап задан нахост”.
Раҳматулло Бобоев дар посух ба саволи бонуи ронанда мабнӣ бар иллати гирифтани рақамҳои мошин гуфтааст, агар зан набудӣ бо ту таври дигар бархурд мекардам.
Бобоев телефони мобилии хонуми Сафароваро бардошта ва ба тахриби телефон таҳдид кардааст.
Раҳматулло Бобоевро дар вақташ барои қонуншиканӣ як дафъа аз сафи милиса пеш карда буданд, вале ӯ боз воситаҳое ёфту худро барқарор кард.
Баргигул Сафарова гуфтааст, “магар рафтори чунин кормандони БДА миёни мардум нобоварию шубҳаро ба ин соҳа зиёд намекунад? Оё чунин шахсон ҳуқуқи маънавии дар ин соҳа карданро доранд”?