Илали зиёни Тоҷикистон аз ТАЛКО
(last modified Tue, 23 Jan 2018 09:47:58 GMT )
Январ 23, 2018 14:47 Asia/Dushanbe
  • Илали зиёни Тоҷикистон аз ТАЛКО

Мақомот мегӯянд, Тоҷикистон ба сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани дастгоҳҳои ТАЛКО даҳҳо миллион доллар даромадро аз даст медиҳад.

Ба иттилои Ахбор, Гулрӯ Ҷабборзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 22 январ дар нишасти хабарии ин вазорат гуфт, Тоҷикистон ба сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани дастгоҳҳои ТАЛКО, ки шадидан ба навсозӣ ниёз доранд, ҳар сол даҳҳо миллион доллар даромадаш аз фурӯши алюминийро аз даст медиҳад.

Гулрӯ Ҷабборзода гуфт, дар соли 2012 то 70 дарсади тавлидоти ТАЛКО аз ҳисоби тавлиди алюминийи аввалияи сифаташ баланди А7 буд: "Имрӯз ТАЛКО чунин навъи алюминий истеҳсол намекунад. Ин ба сабаби технологияи кӯҳнаи ин корхона аст.”

Ба гуфтаи Гулрӯ Ҷабборзода, дар бозори ҷаҳонӣ нархи алюминий асосан бар пояи нархи алюминийи сифаташ олии А7 муқаррар карда шуда, навъҳои дигари сифаташон пасттарин ин навъи фулузот нархи 200-300 доллар барои ҳар тонна пойинтар доранд.

Муовини вазири иқтисод Гулрӯ Ҷабборзода гуфт, моҳи августи соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон як қарори вижа дар бораи навсозии ТАЛКО қабул кард ва навсозии он идома дорад.

ТАЛКО дар соли 2017 ҳамагӣ 103 ҳазор тонна алюминий истеҳсол кардааст, ки ин назар ба як соли қабл 26 ҳазор тонна ва назар ба соли 2012 қариб се маротиба – 175 ҳазор тонна камтар аст. Гулрӯ Ҷабборзода коҳиши шумораи ваннаҳои электолизӣ, сари вақт дастрас накардани кокси нафтиро аз далелҳои дигари коҳиши тавлидоти ТАЛКО ном бурд.