Маҳкумияти зиндон барои муттаҳамон ба талош ҷиҳати пайвастан ба ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i29039-Маҳкумияти_зиндон_барои_муттаҳамон_ба_талош_ҷиҳати_пайвастан_ба_ДИИШ
Се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои талош ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳи такфирӣ-террористии ДИИШ аз 12 то 13 сол маҳкум ба зиндон шуд. Додситони кулли Тоҷикистон имрӯз судури ҳукмҳои зиндон барои ин муттаҳамонро расонаӣ кард, ҳарчанд замони судури аҳком рӯзи 10 январ будааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 26, 2018 15:33 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти зиндон барои муттаҳамон ба талош ҷиҳати пайвастан ба ДИИШ

Се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои талош ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳи такфирӣ-террористии ДИИШ аз 12 то 13 сол маҳкум ба зиндон шуд. Додситони кулли Тоҷикистон имрӯз судури ҳукмҳои зиндон барои ин муттаҳамонро расонаӣ кард, ҳарчанд замони судури аҳком рӯзи 10 январ будааст.

Бар асоси гузориши дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, яке аз маҳкумон бо исми И. Сафоев дар моҳи октябри соли 2016 дар Русия таҳти таъсири гурӯҳи таблиғотии мавсум ба "Раҳнамо ба сӯйи “Давлати исломӣ" қарор мегирад ва дар идома бо вобастагони ДИИШ таҳти номҳои Алишер ва Зафар иртибот барқарор мекунад. Сафоев ба мусоидати ин ду нафар ба Туркия сафар мекунад ва қасди азимат ба Сурия ва пайвастан ба ДИИШ-ро доштааст, ки тавассути нерӯҳои амниятӣ боздошт ва ба Тоҷикистон таҳвил шуд. Акнун Сафоев бо ҳукми додгоҳ ба муддати 12 солу 6 моҳ равонаи зиндон шудааст. Ҳамзамон бо ин ҳукм додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе М. Шарифов ва Қ. Зокировро низ ба иттиҳоми гароиш ба ДИИШ ба 13 соли зиндон маҳкум кард.