Январ 27, 2018 11:38 Asia/Dushanbe
  • Касрии будҷаи Тоҷикистон ба иллати таъмин нашудани пардохтҳои гумрукӣ

Будҷаи давлати Тоҷикистон дар соли 2017 ба хотири таъмин нашудани пардохтҳои гумрукӣ 80 миллион сомонӣ (муодили 9 миллион доллар) касрӣ доштааст.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, Азим Турсунзода, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ин касрӣ ба иллати коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулот ба ин кишвар ва кам шудани мизони пардохтҳои гумрукӣ ба вуҷуд омадааст.

Ба гуфтаи ин мақоми гумруки Тоҷикистон, ҳаҷми умумии муомилоти тиҷорати хориҷии ин кишвар тайи соли 2017 ба се миллиарду 758 миллион доллар расида, ки дар муқоиса бо соли қабл наздик ба 173 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин мизони воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон дар соли 2017 наздик ба ду миллиарду 775 миллион доллар буда, ки дар муқоиса бо соли 2016 бо коҳиши 257 миллиону 300 ҳазор долларӣ рӯбарӯ шудааст.

Азим Турсунзода таъкид кардааст, авомили дигаре монанди шаш моҳ дар сол баста будани гузаргоҳи марзии Чин ва Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, мушкили транзити коло аз хоки Афғонистон ба иллати идомаи ноамнӣ ва низ вуҷуди падидаи қочоқ дар воридоти сӯхт ва масолеҳи сохтмонӣ аз Қирғизистон муҷиби коҳиши пардохтҳои гумрукӣ шудааст.

 Ин барои севумин сол аст, ки гумруки Тоҷикистон наметавонад барномаи пардохтҳои гумрукӣ ба будҷаи давлатро иҷро кунад.