Январ 27, 2018 12:17 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии корхонаи муштараки тавлиди автобуси Тоҷикистон ва Туркия

Корхонаи муштараки монтаж ва тавлиди автобуси Тоҷикистон ва Туркия наврӯзи имсол дар Душанбе расман шуруъ ба кор мекунад.

Муҳаммадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе дар конфронси матбуотӣ эълом кард, шаҳрдори Душанбе бо ҳамкории Туркия корхонаи монтаж ва тавлиди автобусҳои “АKIA” дар пойтахти Тоҷикистонро роҳандозӣ мекуна.

Ба гуфтаи вай, бар асоси тавофуқномаи имзошуда, дар ин корхона бештар автобусҳо дар Тоҷикистон ба таври муштарак тавассути мутахассисони тоҷик ва Туркия монтаж мешаванд ва зарфияти тавлиди ин корхона 250 то 300 автобус дар сол хоҳад буд.

Зувайдзода афзуд, дар марҳалаи аввал 13 автобуси навъи “АKIA” дар ин коргоҳ тавлид шуда ва дар рӯзҳои оянда вориди системаи ҳамлу нақли шаҳри Душанбе мешаванд.

Қурбон Саидзода, муовини шаҳрдори Душанбе дар бахши ҳамлу нақл низ дар ин конфронси матбуотӣ гуфт, чанде қабл коршиносони Туркия ба шаҳри Душанбе омаданд ва ба 20 коршиноси маҳаллӣ омӯзишҳои лозимро барои кор дар ин ширкати муштарак ироа доданд.

Дар соли ҷорӣ 100 автобуси ҷадиди “АKIA”, ки аз Туркия харидорӣ шудааст, ба Душанбе мунтақил хоҳад шуд.

Моҳи апрели соли 2017 шаҳрдории Душанбе 40 автобуси навъи “Isuzu”-и сохти Туркияро вориди пойтахти Тоҷикистон карда буд.