Январ 28, 2018 09:56 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 182 дарсадии мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон

Муовини раиси Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон гуфтааст, ки бар асоси омори соли 2017, Узбакистон дар радифи 5 шарики муҳимми тиҷории ин кишвар қарор гирифтааст.

Ба гузориши сойти “Топ Тҷ”, Азим Турсунзода, муовини раиси Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон гуфтааст, дар соли 2017 мизони муомилоти тиҷории ин кишвар бо Узбакистон бо рушди 182 дарсадӣ ба 126 миллион доллар расида, ки тайи 2 соли ахир шохиси бесобиқа мебошад.

Зеро дар соли 2016 ва дар даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов дар Узбакистон, мизони муомилоти тиҷории ин ду кишвари ҳамсоя ҳамагӣ 15 миллион доллар буд. Ба гуфтаи ин мақоми гумруки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар миёни ду кишвар аз 16 гузаргоҳи гумрукӣ 7-тояш фаъол мебошад, ки интизор меравад дар ҷараёни сафар Шавкат Мирзёев ба Тоҷикистон дар баҳори имсол, бақияи гузаргоҳҳои марзӣ низ ифтитоҳ гардад. Коршиносон мегӯянд, ки тайи соли 2017 аз Узбакистон ба Тоҷикистон лавозими хонагӣ, маводи ғизоӣ, либос ва кафш ворид гардида ва дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд марокизи тиҷории ширкатҳои узбакистонӣ ифтитоҳ шуд.

Аммо ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Узбакистон мева ва сабзиҷот ва симон содир кардаанд. Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик мӯътақид аст, ки коло ва маҳсулоти сохти Узбакистон дар муқоиса бо молҳои воридотӣ аз Чин, арзонтар ва аз кайфияти беҳтаре бархӯрдор мебошад, ки мавриди истиқболи шаҳрвандони ин кишвар қарор гирифтааст. Ба далели ин ки ҳаммарз будани ин ду кишвар, мӯҷиби коҳиши ҳазинаҳои ҳамлу нақл ва низ арзонии нархи коло мегардад.