Январ 28, 2018 11:36 Asia/Dushanbe
  • Пешгирӣ аз вуруди мошинҳои дуздии қиматбаҳо аз Аврупо ба Тоҷикистон

Кормандони гумруки ҷумҳурии Беларус аз интиқоли 6 адад мошини дуздӣ қиматбаҳо аз ҷумҳурии Литва ба Тоҷикистон, ҷилавгирӣ кардаанд.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, 4 худрави сохти солҳои 2014 то 2016 аз навъи “BMW X5”, 1 мошин сохти соли 2017 аз навъи “Mercedes-Benz GLC” ва 1 худрави “Lexusg s300h” ба арзиши умумии 260 ҳазор доллар дар дохили як вагон ба унвони “қисмҳои эҳтиётии мошин” бояд ба Тоҷикистон мунтақил мешуд.

Ба гуфтаи мақомоти гумруки Беларус, дар асноди гумрукӣ бобати интиқоли ин 6 худрав ба унвони “қисмҳои эҳтиётии мошин”сабт шуда буданд, ки бозрасӣ нишон дод, ин мошинҳо солим ва дуздӣ мебошанд. Зеро рақамҳои шиносоии ин 6 худрав дар феҳристи мошинҳои дуздии Интерпол, сабт шудааст. Ин мақомот таъкид кардаанд, ки ин сеюмин мавриди ифшосозии интиқоли худравҳои дуздӣ аз қаламрави кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон дар соли 2018 мебошад. Ин дар ҳоле аст, ки нашрияи олмонии “Билд” дар соли 2013 муддаӣ шуда буд, ки 200 дастгоҳ худравҳои қиматбаҳои дуздӣ шуда аз қаламрави кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, озодона дар роҳҳои Тоҷикистон дар ҳоли ҳаракат мебошанд.

Аммо дар он замон, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эътироф кард, ки дар қаламрави ин кишвар,127 худрави дуздӣ аз кишварҳои узви Иттҳодияи Аврупо шиносоӣ шуда, ки дар муқоиса бо беш аз 7 миллион дастгоҳ мошинҳои дуздидашудаи таҳти пайгарди Пулиси байналамилал, адади ночизе ба ҳисоб меояд.