Январ 29, 2018 14:40 Asia/Dushanbe

Дар сӯхторе дар шаҳри Красногорски Маскав, чаҳор шаҳрванди тоҷик ҷон бохтанд.

Ба гузориши “РИА Новости”, дар ин оташсӯзӣ, ки рӯзи якшанбе дар як бинои баланд рух дод, шаш шаҳрванди тоҷик ҷароҳат бардоштанд, ки ду нафар аз онҳо дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтанд.

Ду кӯдак ҳам дар бемористон ҷони худро аз даст доданд.

Ду маҷрӯҳи дигари ин ҳодиса низ акнун дар бемористон бистарӣ ҳастанд.