Январ 30, 2018 10:55 Asia/Dushanbe
  • Хушбиниҳо ба густариши равобити бародаронаи Тоҷикистону Эрон

Коршиноси масоили Тоҷикистону Эрон дар бораи беҳбуду густариши равобити дӯстона ва бародаронаи ду кишвари ҳамзабон ибрози хушбинӣ кард.

Аҳмади Ормон дар мусоҳиба бо Спутник бо ишора ба бархе кундиҳо дар равобити Душанбе-Теҳрон, ин амрро мавзуи табиӣ ва шабеҳи ихтилофи хонаводагӣ ва зудгузари ду бародар донистааст .

Ормон сироҳатан эълом кардааст, ки ҳеҷ кишваре ҳатто Арабистони Саудӣ наметавонад ҷои Эронро дар Тоҷикистон бигирад ва танҳо шунидани забони форсӣ кофӣ аст, ки онҳо ҳамаи умедашонро баркананд .

Ба гуфтаи Аҳмади Ормон, Арабистон дар садади пиёда кардани аҳдофи худ аст, ки ин аҳдоф низ ҳаргиз ба фоидаи Тоҷикистон нест .

Вай бо ёдоварӣ аз хадамоти Эрон дар Тоҷикистон, қазияҳои Кабирӣ ва Занҷониро дар робитаи ду кишвар камаҳаммият хондааст .

Аҳмади Ормон дар ҷамъбандии суҳбатҳояш ибрози итминон кардааст, ки Тоҷикистону Эрон бо гузар аз даврони кунунӣ, даврони тиллоии равобити худро таҷруба хоҳанд кард .