Тоҷикистон қасди истихроҷи дубораи уранро надорад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i29233-Тоҷикистон_қасди_истихроҷи_дубораи_уранро_надорад
Раиси идораи маъданшиносии Тоҷикистон гуфт, кишвар қасди истихроҷи дубораи  уранро надорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 30, 2018 09:58 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон қасди истихроҷи дубораи уранро надорад

Раиси идораи маъданшиносии Тоҷикистон гуфт, кишвар қасди истихроҷи дубораи  уранро надорад.

Ба нақл аз Спутник, Заробиддин Файзуллҳ‌зода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, бо ҳамкории коршиносони Ожонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ дар чанд минтақа аз Тоҷикистон кори шиносоии захоири уран оғоз шудааст, аммо ин ба маънии истихроҷи дубораи уран дар кишвар нест .

Раванди шиносоии захоири уран дар Тоҷикистон аз соли 2012 оғоз шуда ва танҳо бо ҳадафи мушаххас кардани мизони ин мода анҷом мешавад .

Даврони Шӯравӣ дар соли 1945 дар шимоли Тоҷикистон корхонаи тасфияи аввалияи  уран сохта шуд, ки урани мавриди ниёз барои нахустин бомби атомии Шӯравиро таъмин кард .

Даҳаи 1990 ба далели коҳиши истихроҷи уран аз майдонҳои Тоҷикистон, санги  урани мавриди ниёзи ин корхона аз Қазоқистону Узбакистон ворид мешуду дар ниҳоят дар остонаи фурӯпошии Шӯравӣ бо тағйири корбарии корхонаи тасфияи аввалияи маъдани  уран дар шимоли Тоҷикистон, амалан тасфияи ин моддаи маъданӣ дар Тоҷикистон қатъ шуд .

Танҳо мероси даврони коркарди уран дар шимоли Тоҷикистон, вуҷуди беш аз 54 миллион тонна партовҳои ин маъдан аст, ки дар масоҳати 180 гектар дафн шуда ва ба далели набуди ҳифозати муносиб ба таҳдиде ҷиддӣ барои муҳити зисти ин минтақа табдил шудааст .