19 сол зиндон барои қочоқи героин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i29273-19_сол_зиндон_барои_қочоқи_героин
Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар атрофи Душанбе ба иттиҳоми қочоқи 136 кило героин ба 19 соли зиндон маҳкум шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 31, 2018 07:03 Asia/Dushanbe
  • 19 сол зиндон барои қочоқи героин

Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар атрофи Душанбе ба иттиҳоми қочоқи 136 кило героин ба 19 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба гузориши дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Ҷамолиддин Муҳиддиновро ба иттиҳоми қочоқи 136 кило героин ба 19 соли зиндон маҳкум кард.

Ин додгоҳ эълом кард, Муҳиддинов ба ҳамроҳи ду нафар аз сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар қаламрави ноҳияи Ҳамадонӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон аз як шаҳрванди Афғонистон бо пардохти 40 ҳазор доллар ба миқдори 136 кило героин харидорӣ кардаанд. Аммо кормандони полиси ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми боздошти Муҳиддинов ва ду шарикаш, аз манзили маскунии яке аз онон 136 кило героинро, ки қарор буд ба тадриҷ ба фурӯш бирасад, кашфу забт карданд.

Навоҳии назди марзии Тоҷикистону Афғонистон аз сӯйи қочоқчиёни маводи мухаддир ба унвони марокизи хариду фурӯши маводи мухаддир, аз ҷумла героин мавриди истифода қарор мегирад ва гурӯҳҳои мафиёӣ дар ду тарафи марз бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд.

Бо вуҷуди ташдиди назорат бар марзи муштараки наздик ба 1 ҳазору 400 километрии Тоҷикистону Афғонистон, тайи солҳои ахир гурӯҳҳои қочоқчӣ талош мекунанд, ки маводи мухаддири воридотӣ аз Афғонистонро ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия мунтақил кунанд.