Январ 31, 2018 11:18 Asia/Dushanbe
  • Хоксупории хабарнигори мусалмони расонаи русӣ дар Душанбе

Маросими бахоксупории Галим Фасхутдинов, хабарнигори мусалмони як расонаи русӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вай, ки ин авохир барои радиои “Спутник”-и Русия фаъолият мекард, рӯзи сешанбе бар асари тасодуф бо худрав дар наздикии Бемористони шумораи 3-и шаҳри Душанбе дучори марги мағзӣ шуд ва дар бемористон даргузашт.

Фахриддини Холбек, рӯзноманигори саршиноси тоҷик дар сафҳаи шахсии худ дар Фуйсбук аз умуми аҳли қалами Тоҷикистон даъват кардааст, дар маросими ҷанозаи Фасхутдинов ширкат кунанд.

Галим Фасхутдинов мутаваллиди шаҳри Душанбе ва аз фаъолони арсаи рӯзноманигорӣ буд.