Таъсиси камиссиюни назорат бар қонуни забони давлатӣ дар шаҳрдории Душанбе
(last modified Thu, 01 Feb 2018 08:28:04 GMT )
Феврал 01, 2018 13:28 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси камиссиюни назорат бар қонуни забони давлатӣ дар шаҳрдории Душанбе

Шаҳрдории Душанбе барои назорат бар иҷрои қонуни забони давлатии Тоҷикистон дар Душанбе камиссиюн эҷод мекунад.

Ба гузориши “Азия плюс”, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дастури эҷоди як камиссиюни вижаи шаҳриро барои назорат бар иҷрои муқаррароти Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатӣ" имзо кард.

Ин камиссиюн ба раёсати Мавсума Муинӣ, муовини шаҳрдори Душанбе мутобиқи барномае, ки ба тасвиби шаҳрдорӣ расидааст, бар иҷрои муқаррароти Қонун "Дар бораи забони давлатӣ” дар пойтахти Тоҷикистон назорат хоҳад кард.

Қонун дар бораи забони давлатӣ дар матни ҷадид, ки дар авоили октябри соли 2009 дар Тоҷикистон тасвиб шуд, ҳар шаҳрванди ин кишварро ба донистани забони давлатӣ – тоҷикӣ (форсӣ) муваззаф мекунад.

Ин қонун истифода аз забони давлатӣ ва дигар забонҳоро дар фаъолиятҳои мақомоти давлатӣ, ширкатҳо, созмонҳову корофаринони инфиродӣ танзим мекунад.

Ин қонун мавзӯи истифода аз забони ғайридавлатӣ дар равобити шахсиро дар бар намегирад.

Бар асоси гузориши Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, дар соли 2016 дар мавриди нақзи қонуни забони кишвар 59 парвандаи идорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва маблағи маҷмӯи муҷозоти ҷарима барои иҷро нашудани ин қонун ба беш аз 45 ҳазор сомонӣ расид.

Муҷозоти ҷарима барои нақзи муқаррароти Қонуни Тоҷикистон Дар бораи забони давлатӣ барои афроди ҳақиқӣ аз 15 то 20 шохис (як шохиси 50 сомонӣ) ва барои афроди ҳуқуқӣ аз 30 то 40 шохис муҳосиба шудааст.