Тасмими Ӯзбакистон барои бозсозии хона ва музеи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд
(last modified Sat, 03 Feb 2018 06:48:07 GMT )
Феврал 03, 2018 11:48 Asia/Dushanbe
  • Тасмими Ӯзбакистон барои бозсозии хона ва музеи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд

Мақомҳои давлатии Ӯзбакистон аз бозсозии хона ва музеи устод Садриддин Айнӣ, нависандаи шаҳир, поягузори адабиёти ҷадид, қаҳрамони миллӣ ва нахустин раиси Академияи улуми Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд хабар доданд.

Ба гузориши сайти “СА – нюз”, ҳукумати Ӯзбакистон ба ин манзур 300 ҳазор сӯм (муодили 37 ҳазор доллар) ихтисос додааст.

Устод Садриддин Айнӣ дар ин манзили маскунӣ аз соли 1917 то 1950, яъне то замони сукунат дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ карда ва акнун ин манзил ба музей табдил шудааст.

Хонум Омина Шарофиддинова, яке аз масъулони ҷамъияти тоҷикони Ӯзбакистон гуфтааст, бозсозӣ ва мараммати хона ва музеи Садриддин Айнӣ то ҷашни садучиҳилумин Солрӯзи валодати ӯ дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба итмом хоҳад расид.

Бахше аз ин хона дар авохири қарни 19 ва қисмате ҳам тавассути устод Садриддин Айнӣ дар даҳаи 30-юми қарни гузашта сохта шудааст, ки ниёз ба мараммат дорад.

 Мақомҳои қаблии шаҳрдории Самарқанд дар соли 2009 қасди тахриби хонаи устодро ба баҳонаи бозсозии хиёбонҳои марказии ин шаҳр доштанд, ки бо эътирозҳои шадиде дар Ӯзбакистон ва Тоҷикистон рӯбарӯ шуд ва акнун бо беҳбуди равобити Тошканд ва Душанбе, ин манзили маскунии таърихӣ бозсозӣ хоҳад шуд.

Аз сӯйи дигар, чанде қабл Академияи улуми Тоҷикистон эълом кард, ба муносибати садучиҳилумин Солрӯзи валодати устод Садриддин Айнӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳамоиши илмӣ роҷеъ ба нақши ин донишманди шаҳир дар таъсиси ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар таркиби Иттиҳоди Шӯравии вақт, хадамоти илмӣ ва адабии вай дар рушди адабиёти ҷадиди миллӣ ва низ шинохти осори ӯ, дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад кард.

 Бархе кутуби устод Садриддин Айнӣ аз ҷумла “Ёддоштҳо”, “Намунаи адабиёти тоҷик” ва “Таърихи фикрии инқилоби Бухоро” то кунун дар Эрон мунташир шудааст.