Даъват аз Иттиҳоди Аврупо барои ширкат дар Конфронси амниятӣ дар Тоҷикистон
Намояндаи доими Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, аз ҳамоҳангсози барномаи мубориза бо терроризми ин иттиҳодия барои ширкат дар Конфронси зидди терроризм ва ифротгарӣ, ки баҳори имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.
Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Эркинхон Раҳматуллозода дар дидор бо Де Кершов, ҳамоҳангсози барномаи мубориза бо терроризми Иттиҳоди Аврупо, мавзӯи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ин иттиҳодия дар мубориза бо терроризмро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ин дидор, ки дар Брюссел баргузор шуд, ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттҳоди Аврупо барои муборизаи муштарак бо терроризм ва ифротгарӣ, авзои амниятии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, баҳсу табодили назар карданд. Намояндаи доими Тоҷикистон дар Иттҳоди Аврупо, даъватномаи ҳукумати кишварашро барои ширкат дар Конфронси байналмилалии зиддии терроризм ва ифиротгарӣ, ки дар шаҳри Душанбе тайи рӯзҳои 3 ва 4 моҳи майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, ба ҳамоҳангсози барномаи мубориза бо терроризми Иттиҳоди Аврупо таҳвил дод. Даъватномаҳои мушобеҳе аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон барои ширкат дар ин конфронс ба Комиссияи Аврупо, Маҷмаи парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Иттиҳоди Аврупо, ирсол шудааст.