Феврал 05, 2018 11:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди 17 ҳазор тоҷикистонии хоҳишманди сукунати доим дар Русия дар соли 2017

Раиси дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати умури дохилии Русия дар Тоҷикистон, аз дарёфти дархости наздик ба 17 ҳазор хонаводаи тоҷик дар соли 2017 барои муҳоҷират ва сукунати доим дар Русия хабар дод.

Ба гузориши “Спутник”, Владислав Маркевич гуфт, дар соли 2017 аз ин теъдод ба як ҳазору 696 хонаводаи тоҷик барои рафтан ба Русия ва сукунати доим дар ин кишвар муҷаввиз эъто шуд.

Вай таъкид кард, дар соли 2016 низ беш аз 14 ҳазор нафар ва дар соли 2015 наздик ба 13 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои муҳоҷират ба Русия сабти ном карда буданд, ки аз ин теъдод ба як ҳазору 850 нафар муҷаввиз эъто шуд.

Ба гуфтаи раиси дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати умури дохилии Русия дар Тоҷикистон, аз соли 2013 барои беш аз 5 ҳазор хонаводаи тоҷикистонӣ муҷаввизи муҳоҷират ва сукунати доим дар Русия содир шудааст.

Аз сӯйи дигар, идораи муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Русия эълом кард, дар соли 2017 ба 29 ҳазору 309 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи шаҳрвандии Русия эъто шудааст.

Ин идора таъкид кардааст, тайи соли 2017 беш аз 936 ҳазору 700 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар сабти ном кардаанд, ҳадаф аз сафари худро пайдо кардани шуғли муносиб эълом кардаанд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Русия мегӯянд, аз соли 2000-ум то ба ҳол беш аз 500 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо хонаводаҳои худ ба Русия муҳоҷират карда ва тобеияти ин кишварро ба даст овардаанд.