Мушкили саҳмиядорони “Тоҷиксодиротбонк” баррасӣ мешавад
Саҳмиядорони бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” дар таърихи 17-уми марти сол ҷорӣ мушкилоти ин ниҳоди молиро баррасӣ хоҳанд кард.
Ба гузориши “Азия плюс”, дар ин нишаст дар бораи фаъолияти молии “Тоҷиксодиротбонк” дар соли гузаштаи соли 2017 ва мизони суду зиёнҳои ин ниҳоди молӣ баҳсу табодули назар хоҳад шуд.
“Тоҷиксодиротбонк” яке аз бузургтарин бонкҳои тиҷории ин кишвар аст, ки тайи 3 соли ахир ба далели идомаи буҳрони молӣ тавони бозпардохти манобеи молии муштариёни худро надошта ва акнун амвол ва дороиҳои худро ба фурӯш гузоштааст.
Яке аз масоили муҳим дар нишасти солонаи саҳҳомдорони бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” дар моҳи март, наҳваи бозгардонидани саҳми молии ин ниҳод аст, ки қаблан ба фурӯш рафта ва ин муомила аз сӯйи Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълом шудааст.
Зафар Азимӣ, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе таъкид карда буд, ки ба фурӯш гузоштани 64 миллион сомонӣ саҳми молии “Тоҷиксодиротбонк” иқдоме ғайриқонунӣ аст. Аз ин рӯ бар асоси тасмими Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ин муомила бояд бекор гардад ва манобеи молии фурӯхташуда пас гирифта шавад.
Ба гуфтаи Азимӣ, таҳқиқу санҷиш аз фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк” ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар анҷом шудааст, ки аз фаъолияти низоми бонкии ин ҷумҳурӣ ба шиддат интиқод карда буд.
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ гуфта буд, амалкарди Додгоҳи олӣ ва Вазорати адлияи ин кишвар дар заминаи бозгардондани вомҳо ва эътибороти молии бонкҳо аз қарздорон низ қобили пазириш нест. Зеро маблағи ин бидеҳиҳои қаблӣ дар соли 2016 наздик ба 580 миллион сомонӣ ва дар 9 моҳи соли 2017 ба 318 миллион сомонӣ расидааст.
Ҳамчунин дар чанд маврид қарздорони “Тоҷиксодиротбонк” асноди бозпардохти бидеҳии молии худро ироа кардаанд, ки ҷаълӣ буда ва манобеи молӣ бозпардохт нашудааст.