Сафири Русия дар Тоҷикистон: Равобити Маскав - Душанбе рӯ ба рушд аст
(last modified Wed, 07 Feb 2018 07:03:09 GMT )
Феврал 07, 2018 12:03 Asia/Dushanbe
  • Сафири Русия дар Тоҷикистон: Равобити Маскав - Душанбе рӯ ба рушд аст

Сафири Русия дар Тоҷикистон равобити кишвараш бо Душанберо рӯ ба густариш ва матлуб арзёбӣ кард.

Ба гузориши “Спутник”, Игол Лякин Фролов гуфтааст, Маскав ва Душанбе тавонистанд ҳамкориҳои роҳбурдии худ дар тамоми заминаҳоро густариш диҳанд, ки посухгӯи манофеи муштараки ин ду кишвар аст.

Вай таъкид кардааст, Русия ва Тоҷикистон дар бораи масоили муҳими ҷаҳонӣ ва минтақа дидгоҳи яксон доранд ва талоши мақомоти ин ду кишвар барои таҳкими муносиботи дуҷониба ҷиддӣ аст.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир 25 дарсад аз мизони муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Русия аст ва Маскав пазирои миллионҳо коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ аст, ки маишати хонаводаҳои худро бо кор дар Русия таъмин мекунанд.

Игор Фролов таъкид кардааст, дар Тоҷикистон 130 корхонаи муштарак бо Русия фаъолият мекунад, ки баёнгари муносиботи густурдаи иқтисодии ду кишвар аст.

Аз намунаҳои матлуби ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон метавон ба нерӯгоҳи обии “Сангтӯда 1” ишора кард, ки бо сармоягузорӣ ва кумаки фаннии Маскав сохта шудааст.

Вай бо ишора ба фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфтааст, дурнамои фаъолияти ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ бисёр равшан аст ва Тоҷикистон бояд бо омӯзиши таҷрибаи мусбати узвияти Қирғизистон барои пайвастан ба ин иттиҳодия иқдом кунад.

Ба гуфтаи сафири Русия дар Тоҷикистон, Маскав дар чорчӯби тааҳҳудоти худ дар баробари муттаҳидонаш дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ба Тоҷикистон барои муқобила бо таҳдидоти эҳтимолии гурӯҳҳои террористии мустақар дар шимоли Афғонистон кумак хоҳад кард.