Феврал 07, 2018 14:06 Asia/Dushanbe
  • Сатторӣ: Русия яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар ҳавзаи гардишгарӣ аст

Сафири Тоҷикистон дар Маскав, Русияро яке аз шарикони аслии ин кишвар дар арсаи гардишгарӣ унвон кард ва хостори ҳузури гардишгарони рус ба Душанбе шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Маскав ва Олег Сафонов, раиси Ожонси туризми Русия дидор ва гуфтугӯ карданд.

Сафири Тоҷикистон дар ин дидор изҳор дошт, соли 2018-и мелодӣ дар Тоҷикистон аз сӯйи раисҷумҳури ин кишвар соли тавсеаи гардишгарӣ ва саноеи дастӣ ном гирифтааст.

Вай дар идома Русияро яке аз шарикони авлавиятдори ин кишвар дар арсаи туризм унвон кард ва хостори афзоиши сафари гардишгарони рус ба Тоҷикистон, табодули таҷрибиёт дар заминаи ҷазби сармоягузорӣ дар ин ҳавза ва эҷоди ҳамкорӣ миёни ширкатҳои гардишгарии ду кишвар шуд.

Раиси Ожонси туризми Русия ба навбати худ бар алоқаи Маскав барои эҷоди равобити наздик бо ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон дар ҳавзаи гардишгарӣ таъкид кард.

Дар ин мулоқот тарафайн масоили калидии равобити ду ва чандҷонибаи Душанбе ва Маскав дар арсаи гардишгарӣ ва эҷоди шароити матлуб барои афзоиши мубодилаи мутақобили гардишгаронро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Аз дигар мавзуоти мавриди баррасии тарафайн дар ин дидор, тақвияти чорчӯби қонунии ду кишвар дар заминаи гардишгарӣ буд.