Хисоратҳои 500 миллион долларии Тоҷикистон аз балоҳои табиӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i29637-Хисоратҳои_500_миллион_долларии_Тоҷикистон_аз_балоҳои_табиӣ
Балоҳои табиӣ дар соли 2017 сабаби ворид омадани 500 миллион доллар хисорат ба иқтисоди Тоҷикистон шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 07, 2018 15:11 Asia/Dushanbe
  • Хисоратҳои 500 миллион долларии Тоҷикистон аз балоҳои табиӣ

Балоҳои табиӣ дар соли 2017 сабаби ворид омадани 500 миллион доллар хисорат ба иқтисоди Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Рустам Назарзода- раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе афзуд: Илова бар хисоратҳои молӣ, ҳодисаҳои табиӣ мисоли ғарқшудан дар рӯдхонаҳо ва ҳавзҳо, ҷон бохтани беш аз 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро гирифтааст.

Ба гуфтаи вай балоҳои табиии соли гузашта мавҷиби вайрон шудани 157 манзили истиқоматӣ, беш аз 600 гегтар замини кишоварзӣ, 16 пули иртиботӣ ва наздик ба 1200 километр ҷоддаи заминӣ шуд.

Тоҷикистон аз ҷумла кишварҳои ҳодисахези Осиёи марказӣ аст, ки ҳарсола бо балоҳои табиӣ монанди зилзила ва рониши замин, афзоиши сатҳи оби рӯдхонаҳо ва сарозер шудани онҳо,тармафароӣ ва омадани сел ру ба ру мешавад.