Хисоратҳои 500 миллион долларии Тоҷикистон аз балоҳои табиӣ
Балоҳои табиӣ дар соли 2017 сабаби ворид омадани 500 миллион доллар хисорат ба иқтисоди Тоҷикистон шуд.
Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Рустам Назарзода- раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе афзуд: Илова бар хисоратҳои молӣ, ҳодисаҳои табиӣ мисоли ғарқшудан дар рӯдхонаҳо ва ҳавзҳо, ҷон бохтани беш аз 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро гирифтааст.
Ба гуфтаи вай балоҳои табиии соли гузашта мавҷиби вайрон шудани 157 манзили истиқоматӣ, беш аз 600 гегтар замини кишоварзӣ, 16 пули иртиботӣ ва наздик ба 1200 километр ҷоддаи заминӣ шуд.
Тоҷикистон аз ҷумла кишварҳои ҳодисахези Осиёи марказӣ аст, ки ҳарсола бо балоҳои табиӣ монанди зилзила ва рониши замин, афзоиши сатҳи оби рӯдхонаҳо ва сарозер шудани онҳо,тармафароӣ ва омадани сел ру ба ру мешавад.