Феврал 08, 2018 13:04 Asia/Dushanbe
  •  Нишасти сарони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Русия дар Маскав

Маросими имзои тавофуқнома байни Федератсияи Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар мавриди фаъолияти Дафтари ҳамоҳангии мубориза бо ҷароими созмонёфта ва дигар анвои ҷароими хатарнок дар Маскав баргузор шуд.

Ба гузориши вебсайти расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия ба намояндагӣ аз давлати Федератсияи Русия ва Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои ИДМ ба намояндагӣ аз кишварҳои ИДМ ин тавофуқномаро имзо карданд.

Ин паймони байналмилалӣ вазъияти қонунии Дафтари ҳамоҳангии мубориза бо ҷароими созмонёфта ва дигар анвои ҷароими хатарнокро дар қаламрави Федератсияи Русия таъйид ва дар эҷоди шароити муносиб барои фаъолиятҳои он, кумак мекунад.

Дар ин нишаст сарони вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистон ва Русия бо таъкид бар аҳамияти имзои ин санади байналмилалӣ, дар бораи ҳамкорӣ барои иҷрои он гуфтугӯ карданд.

Владимир Колоколтсев ва Рамазон Раҳимзода ҳамчунин дар бораи омодагӣ барои баргузории ҷаласа баъди Шӯрои вазирони кишварҳои ИДМ ва иҷлоси муштараки вазоратҳои умури дохилии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ройзанӣ карданд.

Дафтари ҳамоҳангии мубориза бо ҷароими созмонёфта ва дигар анвои ҷароими хатарнок дар қаламрави кишварҳои ИДМ барои таомули муассири вазоратхонаҳои кишвар ва дастгоҳҳои давлатии кишварҳои ИДМ дар роҳи мубориза бо ҷароими созмонёфта, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, маводи равонгардон ва анвои дигари ҷиноёти хатарнок созмондеҳӣ шудааст.

Ин дафтар, ки як ниҳоди байнидавлатӣ аст, ҳамчунин ба унвони дабирхонаи Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои ИДМ амал мекунад.