Феврал 09, 2018 17:32 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти густурдаи кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо судури фармонҳое чандин тағйироти кадрӣ дар ҳукумати ин кишвар падид овард ва бо масъулони тозатаъиншуда низ дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, бар асоси ин тағйироти кадрӣ Саидзода Бобоҷон Абдуқодир -фармондеҳи пешини нируҳои хушкигарди артиши Тоҷикистон ба мақоми муовини вазири дифоъ таъин шуд.

Шуморе аз додрасҳои  Додгоҳи олӣ, раиси додгоҳи ноҳияи Файзобод, раиси додгоҳи низомии Хоруғ, муовинони раиси Кумитаи гумрук ва раисони шаҳрҳои Исфара ва Бӯстон ва ноҳияҳои Зафаробод, Мир Сайидалии Ҳамадонӣ ва Турсунзода низ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон масъулияти тозаи худро оғоз карданд.

Ҳамчунин бар асоси фармони  Эмомалӣ Раҳмон  таъиноте дар сохтори раҳбарии Ожонси ҳавопаймои миллӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист, вазорати маориф ва илм, бахши сохтмон ва меъмории ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон-раисҷумҳури Тоҷикистон зимни дидор бо масъулони навтаъиншуда дар сохторҳои мухталифи ҳукуматӣ, додгоҳӣ ва низомӣ аз онон хост ба вазифаҳое, ки бар души онҳо гузошта шудааст содиқона амал кунанд ва барои онҳо дар хидмати давлату миллат барори кор орзу кард.

Бино бар гузориши Ховар, кадрҳои нави ҳукуматӣ, ки аксаран аз таҷрибаи кофии раҳбарӣ бархурдоранд ,дар ин дидор ба раисҷумҳури Тоҷикистон қавл доданд, ки аз тамоми тавон ва таҷриба барои ҳалли масъалаҳо ва мушкилиҳои ниҳодҳои таҳти раҳбарии худ истифода хоҳанд кард.