Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши гароиши ҷавонони хатлонӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ
Раисҷумҳури Тоҷикистон бори дигар аз афзоиши ҷавонони ин кишвар ба созмонҳои ифротию террористӣ ибрози нигаронӣ кард.
Ба навиштаи хабаргузории "Форс", Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо мардуми вилояти Хатлон барои чандумин бор аз афзоши пайвастани ҷавонони ин минтақа ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ ибрози нигаронӣ карда гуфт, аз соли 2014 то кунун 516 нафар аз сокинони ин минтақа, ки дар даргириҳои кишварҳои хориҷӣ ҳузур доштаанд, шиносоӣ шудаанд. Раҳмон афзуд, аз ин теъдод 164 нафар боздошт ва 24 нафари дигар ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба раванди рӯ ба афзоиши гароиши ҷавонони ин минтақа ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ тақвияти амалҳои пешгиронаро аз сӯйи мақомоти вилояти Хатлон хостор шуд. Раҳмон ҳамчунин ба аҳамияти ҳифзи ҷавонон дар баробари осори мафнии узвият дар созмонҳои ифротӣ, бегона ва хатаркон ишора ва ба омӯзишу тақвияти рӯҳияи меҳанпарастию қонунгароӣ дар миёни ин қишр таъкид кард.
То кунун беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ДИИШ пайвастаанд, ки 150 тан аз ин афрод дар Сурия ва Ироқ кушта шуданд.