Феврал 10, 2018 12:29 Asia/Dushanbe
  • Қарзи 170 миллиондолларии ду бонки буҳронзадаи Тоҷикистон ба муштариён

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мизони қарзҳои молии ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ба муштариёнро 170 миллион доллар (муодили як миллиарду 500 миллион сомонӣ) эълом кард.

Ба гузориши сомонаи Бонки Миллии Тоҷикистон, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар нишасти хабарие бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ин ду бонки буҳронзада барои пардохти қарзҳои худ бояд амвол ва дороиҳои худро ба фурӯш бигузоранд.

Вай таъкид кардааст, дар соли 2017 Ҳукумати Тоҷикистон барои кумак ба ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” се миллиарду 300 миллион сомонӣ ( муодили 374 миллион доллар) - ро барои хуруҷи ин ду ниҳоди молӣ аз ин авзои ногувор ихтисос дод.

Ба гуфтаи вай, акнун бояд мудирияти ин бонкҳо худ барои тасвияҳисоб (ҳисобу китоб) бо муштариён чораандешӣ кунанд.

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон эълом кард, саҳмдорони ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” дар таърихи 17-уми марти соли ҷорӣ мушкилоти ин ду ниҳоди молиро баррасӣ хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Зафар Азимӣ, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар нишасти хабарие таъкид карда буд, ба фурӯш гузоштани 64 миллион сомонӣ саҳми молии “Тоҷиксодиротбонк” иқдоме ғайриқонунӣ аст.

Вай изҳор дошт, аз ин рӯ бар асоси тасмими Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ин муомила бекор гардида ва манобеи молии фурӯхташуда бояд пас гирифта шавад.