Дидори муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон ва намояндаи доими Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе
Муовини аввали вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ва намояндаи доими Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе, дидор ва бар густариши ҳамкориҳо таъкид карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Завқизода Завқӣ Амин, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Ян-Петер Олтерс, намояндаи доими Бонки ҷаҳонӣ дар ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.
Дар ҷараёни ин дидор тарафайн аз ҳамкории мутақобил байни Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, ибрози алоқамандӣ ва ризоят карданд.
Сипас тарафайн масоили марбут ба тавсеаи иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон бавижа раванди мусбати тавсеаи шохисҳои иқтисоди калон, манофеи озоди иқтисодӣ, тавлиди колоҳои рақобатпазири дохилӣ, тавсеаи содирот ва ҷойгузинии воридот, иҷрои барномаи давлатии содирот, воридот, ҷойгузини воридот барои солҳои 2016-2020 ва барномаи интибоқи иқтисоди ин кишвар дар иртибот бо узвияти он, дар Созмони тиҷорати ҷаҳониро мавриди баррасӣ, қарор доданд.
Муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунин бо Саид Маҳмуд, Мадина Данаева ва хонум Марина Шамилова, ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ дар ин кишвар дидор кард.
Дар ҷараёни ин дидор масоили марбут ба манотиқи озоди тиҷорӣ, бахши хусусӣ, тавлиди маҳсулоти рақобатпазири дохилӣ, танаввӯи маҳсулоти содиротӣ ва ғайра мавриди баҳсу баррасӣ, қарор гирифт.
Дар поёни ин мулоқот, тарафайн бар тавсеаи бештари таомулот миёни Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ таъкид карданд.