Феврал 12, 2018 10:07 Asia/Dushanbe
  • Заҳролудшавии сокинони ду рустои вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз орди олуда

Масрафи орди олуда ба гиёҳи заҳрогин дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон 19 тан, аз ҷумла ҳашт кӯдакро роҳии бемористон кард ва ҷони як писари 11 соларо гирифт.

Ба гузориши “Спутник”, хонум Нилуфар Асламшоева, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон бо таъйиди ин ҳодиса гуфтааст, ки пизишкон иллати ин бемориро вуҷуди гиёҳи заҳрогини гелиотроп дар таркиби орд медонанд, ки муҷиби варам кардани ҷигар мешавад.

Ба гуфтаи сухангӯи раиси вилояти Бадахшон, яке аз тоҷирони маҳаллӣ панҷ тон гандумро аз ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб ба ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ворид карда, ки бар асари масрафи орди он, ин беморӣ бурӯз кардааст.

Акнун ба дастури мақомоти вилояти Бадахшон бақияи ин орд аз хонаҳои мардум ҷамъоварӣ шуда, ба онон аз ҳисоби захоири созмони таъминоти ҳукуматӣ гандуми стандарт тақсим шудааст.

Камиссиюни вижаи пизишкӣ эълом кардааст, ки имкон дорад аломатҳои бемории варами ҷигар миёни теъдоди дигаре аз сокинони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон, ки дар моҳҳои январу феврали имсол аз ин орд масраф карда бошанд, ду моҳи баъд бурӯз кунад.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли 1992 низ маризии мушобеҳе дар ҷануби кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Фархор мушоҳида шуда буд, ки дар пайи варами ҷигар ҳашт ҳазор нафар аз сокинони ин минтақа беш аз 500 тан аз ин афрод ҷони худро аз даст додаанд.