Эҳтимоли бозгашти яке дигар аз мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе
Бархе манобеи хабарӣ аз эҳтимоли бозгашти нахуствазири собиқи Тоҷикистон пас аз 23 соли дурӣ аз кишвараш ба Душанбе хабар медиҳанд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Абдулмалик Абдуллоҷонов, ки 69 сол дорад ва дар Амрико зиндагӣ мекунад, аз эҳтимоли бозгашт ба кишвараш хабар додааст.
Абдуллоҷонов дар солҳои 1992 то 1994 нахуствазир ва сипас сафири Тоҷикистон дар Русия буд, ки ба далели ихтилоф бо Эмомалӣ Раҳмон бар сари натиҷаи интихоботи моҳи ноябри соли 1994, ки ҳар ду худро пирӯзи ин рақобат медонистанд, аз кишвар хориҷ шуд.
Вай дар соли 1998 ба дунболи ҳамлаи нерӯҳои сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ба шаҳри Хуҷанд, аз ҷониби мақомоти қазоии Тоҷикистон муттаҳам ба ҳамдастӣ бо ин сарҳанг шуд ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ ташкил карданд.
Пас аз ин ҳодиса Абдулмалик Абдуллоҷонов ба хориҷ рафту номаш дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Полиси Байналмилал қарор гирифт.
Дар соли 2013 вай ҳангоми вуруд ба шаҳри Киев, пойтахти Украина боздошт шуд, аммо пас аз чанд рӯз озод гардиду ба Амрико рафт.
Бархе коршиносон эҳтимоли бозгашти ӯро дар чорчӯби талоши Ҳукумати Тоҷикистон барои бозгардондани теъдоде аз чеҳраҳои мухолиф ба ин кишвар арзёбӣ мекунанд то аз ҳар навъ эътилофи нерӯҳои мухолиф дар хориҷ ҷилавгирӣ шавад.
Дар ин чорчӯб бозгашти Сайидиброҳими Назар, узви аршади Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва Додоҷон Атовуллоев, рӯзноманигори саршинос, ки ахиран дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон дидор кард, дастоварди ҳукумат маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин бар асари ин талошҳо танҳо дар соли 2017 наздик ба 60 паноҳҷӯи тоҷик довталабона аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон бозгаштаанд.