Феврал 13, 2018 09:56 Asia/Dushanbe
  • Баҳрамандии 62 дарсади мардуми Тоҷикистон аз оби ошомидании тоза

Мудири ширкати давлатии Хадамоти манзилии Тоҷикистон эълом кард, ки 62 дарсад аз мардуми ин кишвар бо оби ошомидании тоза таъмин шудаанд.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Алимурод Исломзода дар нишасти хабарии масъулони ин идора дар Душанбе гуфтааст, ки дар соли 2011 танҳо 46 дарсад аз мардуми Тоҷикистон аз оби ошомидании солим истифода мекарданд, ки дар соли 2017 ин шохис ба 62 дарсад расидааст.

Вай таъкид кардааст, ки имсол бо амалӣ шудани беш аз 21 тарҳи обрасонӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон боз 10 дарсади дигар аз сокинони Тоҷикистон аз оби ошомидании тоза баҳраманд хоҳанд шуд.

Дар ҳоли ҳозир барои иҷрои тарҳҳои ҷадиди обрасонӣ 98 миллион доллар ихтисос ёфтааст, ки 37 миллион доллари он вомҳои мухталиф ва бақия кумакҳои бебозгашти кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Мудири ширкати давлатии Хадамоти манзилии Тоҷикистон ҳамчунин аз ихтисос ёфтани 37 миллион доллар кумаки Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини манотиқи рустоии ин кишвар бо оби ошомидании солим хабар додааст.

Пештар мақомоти Тоҷикистон эълом карда буданд, ки барои таъмини мардуми ин кишвар бо оби ошомидании тоза ба сармоягузории думиллиарддолларӣ ниёз аст.