Вокуниши ҳизби ҳокими Тоҷикистон ба таъсиси Анҷумани озодандешони тоҷик
(last modified 2018-02-15T07:48:59+00:00 )
Феврал 15, 2018 12:48 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши ҳизби ҳокими Тоҷикистон ба таъсиси Анҷумани озодандешони тоҷик

Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо интишори баёнияе дар сомонаи худ муассисони Анҷумани озодандешони тоҷикро “олимони кундзеҳн” ва “журналистони шикастақалам” хондааст.

Ба гузориши сайти ин анҷуман, дар баёнияи Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар сомонаи худ мунташир кардааст, аз ҷумла омадааст: “Мо аъзоии Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон дар ҷавоб ба изҳороти Анҷумани озодандешони тоҷик, ки худро аз пешвоёну доноёни ҷомеаи берун аз Тоҷикистон ме‌пиндоранд, гуфтанием, ки аз суханҳои беасоси худ даст бардоранду мағлубияти худро ҳамчун “рақиби нотавон” қабул намоянд”.

Дар ин баёния таъкид шудааст: “Воқеият он аст, ки душманони миллат рушди кишварамонро нодида мегиранд. Дар кишвари мо ягон амали зӯроварӣ несту нахоҳад шуд. Мо роҳ ба сӯйи якдиливу якмаромӣ пеш гирифтаем. Дар Тоҷикистон манфиатҳои ҳамаи ҳизбҳо, ки расман ба сабт расидаанд, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад ва ин худ нишон аз он аст, ки дар Тоҷикистон демократияи ҳақиқӣ пойдор аст”.

Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар идомаи баёнияи худ афзудааст: “Аммо ин нафарони “равшанфикр”, ки имрӯз дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояти хоҷагони беруна қарор доранд, мехоҳанд бо дасти дигарон дар Тоҷикистон табаддулот кунанд. Гӯё онҳо як қувваи бузурганду мардум идеяҳои пешрави онҳоро мепазиранд. Аммо ин нафарон олимони кундзеҳн, журналистони шикастақалам, маддоҳони исломпарасти дурӯғин хатои маҳз мекунанд. Зеро мардуми ваҳдатшиор, ҳушёр ва огоҳ атрофи давлату ҳукумат ва барномаҳои созандаи Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон ҷамъ омада, қотеона аз ин қабил гурӯҳҳои хурду хоинони миллат талаб дорад, ки даст аз чунин изҳороти иғвоангезона бардоранд, чунки мо якдилему моро ҳеч қувваву нерӯе пароканда наме‌созад”.

Ахиран як гурӯҳ равшанфикрони тоҷик дар хориҷ аз кишвар аз таъсиси созмоне ҷадид бо номи Анҷумани озодонадешони тоҷик бо ҳадафи эҷоди ислоҳот дар Тоҷикистон хабар додаанд, ки бо вокуниши тунди ниҳодҳои мухталифи ин кишвар мувоҷеҳ шудаанд.