Феврал 15, 2018 13:52 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳаҷм ва ҳазинаи барқи Тоҷикстон барои Афғонистон

Тоҷикистон ҳаҷм ва ҳазинаи барқи содиротӣ барои Афғонистонро афзоиш медиҳад.

Ба гузориши Азия-Плюс, Муҳаммадумар Асозода-муовини аввали раиси ширкати "Барқи тоҷик" дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт: Тоҷикистон қасд дорад имсол ҳаҷми интиқоли барқро ба Афғонистон 200 млн. кВт/соат афзоиш диҳад ва ҳазинаи барқ низ барои ин кишвари ҳамсоя се фоиз афзоиш меёбад.

Асозода гуфт: Соли гузашта ба Афғонистон 1.3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд ва мувофиқи созишномаи ба имзо расида байни ширкати "Барқи тоҷик" ва ширкати барқи Афғонистон (Брешна), барои соли 2018 ҳаҷми содироти барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ба 1.5 млрд. кВт/соат мерасад.

Вай афзуд: Яке аз шартҳои созишномаи дарозмуддат, ки то соли 2029 имзо шудааст афзоиши тарифи интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон ҳамасола ба андозаи се дарсад аст ва бо таваҷҷуҳ ба ин шарт имсол арзиши 1 кВт/соат  нерӯи барқ барои Афғонистон 4.11 сент хоҳад буд.

Асозода ҳамчунин гуфт: Дар ҳоли ҳозир интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми начандон зиёд ва танҳо ба хотири фаол нигаҳ доштани хатҳои интиқоли барқ анҷом мепазирад.

Усмоналӣ Усмонзода - вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ зимни нишасти хабарӣ дар рӯзи 30-уми январ гуфта буд: Аз якуми октябри 2017 танҳо 50 мегаватт барқ ба вилояти Қундузи Афғонистон интиқол дода мешавад, ки он ҳам асосан барои фаол нигаҳ доштани хатҳои интиқоли барқ сурат мегирад,

Ба гуфтаи Усмонзода агар хатҳои интиқол зери шиддати ҷараёни барқ қарор надошта бошанд, эҳтимоли дуздида шудани онҳо дар Афғонистон вуҷуд дорад.