Вазорати маориф ва илм; фосидтарин сохтори Тоҷикистон дар соли 2017
(last modified Fri, 16 Feb 2018 12:43:06 GMT )
Феврал 16, 2018 17:43 Asia/Dushanbe
  • Вазорати маориф ва илм; фосидтарин сохтори Тоҷикистон дар соли 2017

Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон вазорати маориф ва илмро фосидтарин сохтори ин кишвар дар соли 2017 эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Форс, Абдулкарим Зарифзода-муовини аввали раиси Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт: Вазорати маориф ва илм фосидтарин сохтори ин кишвар дар соли 2017 мебошад.

 Вай гуфт: Дар соли гузашта 70 маврид ҷинояти вобаста ба фасод миёни кормандони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Ин мақоми тоҷик афзуд: Мавридҳои қобили таваҷҷуҳе аз қонуншиканӣ дар вазоратҳои тандрустӣ (60 маврид), дохилӣ (57 маврид) ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (27 маврид) низ ба ба қайд гирифта шудааст.

 Маъмулан ҳамасола вазорати маориф ва илм ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва молии Тоҷикистон дар феҳристи фосидтарин ниҳодҳои ин кишвар қарор мегиранд.

 Соли 2017  камаш 10 нафар аз кормандони Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба ҷурми ришвахорӣ ва дигар қонуншиканиҳо боздошт шуданд.